БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО МОҲИЯТИ БАРНОМАИ НОМЗАДИ ПЕШБАРИГАРДИДА ШИНОС ШУДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо фаъолон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳои ноҳияи Восеъ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот Амонулло Хайрулло аъзои  Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ ва Зафар Мирзоён профессор, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маъракаи сиёсии интихобот баромад каранд.

Масъулин қайд намуданд, ки бо Фармони Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисӽои маӽаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин карда шудааст.  Дар ин маърака тамоми шаҳрвандон ширкат намуда, ба номзади арзандаи худ овоз медиҳанд. Интихобот ин иродаи мардуми Тоҷикистон буда, бояд дар ин чорабинӣ мо иштироки фаъолона дошта бошем. Инчунин, дар идома чанде аз иштирокдорон баромад намуда, зикр карданд, ки дар маъракаи сиёсии интихобот ширкати фаъолона намуда, ба номзади арзандаи худ овоз хоҳанд дод. Сипас, барномаи  номзадии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби ҲХДТ дар вилояти Хатлон пешбарӣ гардидаанд, ба ҷамъомадагон муаррифӣ карда шуда,  қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад”.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg