ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №4» вохӯрии судманд доир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат Паёми набатии худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, дастовардҳои мардуми тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва самтҳои асосии мамлакатамонро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд.