НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Варзиш” оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар мулоқоти мазкур намояндагони Кумитаи иҷроия оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат баромадҳо намуда, қайд карданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ мебошанд, моро зарур аст онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ намоем.Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. ҲХДТ ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа башхида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳамаи навъҳои он мусоидат менамояд.