БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ АЪЗОЁНИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР ЗИЁД ШУДА ИСТОДААСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар шаҳри Бохтар боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳё ва дастгирӣ» таъсис ёфт. Дар бораи таъсисёбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳё ва дастгирӣ» кормандони ин корхона ба Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намуданд. Дар маросими қабули аъзоёни нави ҳизб, ки дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсис баргузор гардида, намояндагони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин ва Толибзода Толиб иштирок доштанд.

Наҷидуллозода дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, доир ба ҳадафҳои ҲХДТ, талаботҳои Оинномавии ҲХДТ, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешгирии ҷавонону наврасон аз шолишавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Пешазинтихоботи ҲХДТ ва ғайра ибрози назар кард.

Ҳамзамон дар вохӯри ҳизбӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии « Эҳё ва дастгирӣ » Бобоҷонова Манзура ба сухан баромада, таъкид дошт, ки «Мо аъзоёни ҲХДТ тамоми неру ва тавонии худро ба он равона месозем, ки дар ҷомеа нуфуз ва обрӯйи ҳизбро баланд бардошта, талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ – ро риоя намоем».

Дар  охир ба 10 нафар  аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҳё ва дастгирӣ», ки барои шолимшавӣ ба сафи аъзоёни КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg