БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибидоии “Бақои давлат” оид ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромданд ва эътимод дорем, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд.
Бояд гуфт, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои зиёди ободкоронаро амалӣ намуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар месозем, барои ҳамвтанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё мекунем ва сатҳи некӯҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем.