Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Χалолиддини Балхӣ дар доираи эълон гаштани соли 2020 ҳамчун «Соли шинохти бештари манфиятхои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии “Сулҳ”-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар маҷлис дар бораи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, баланд бардоштани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, ҷалби занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби сокинон ба китобхонӣ ва варзиш, сохта ба истифода додани муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳо ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои анҷоми амалҳои хайру сахо, дастгирии ятимону камбизоатон ва оилаҳои ниёзманд ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ баҳри шукуфоии Ватани азизамон ҳидоят карданд.