Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баррасии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар толори Макомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки фаъоли аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҷанговарони башардусти ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин иштирокчиёни ҷанговарони башардустро бо санаи муҳим, Рӯзи ҷанговарони башардуст табрику муборакбод намуда баъдан оид ба муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, инчунин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ибрози андеша намуданд.