Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Хирманҷои Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов вохӯрӣ анҷом дода шуд.
Маҷлис дар доираи баррасии муҳтавои самтҳои асосии Паёми Президенти кишвар, муаррифии номзадҳои арзандаи пешбаригардидаи ҲХДТ ва амнияту суботи минтақа баргузор гардида, дар суҳбат роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар бораи вазъи кунунии минтақаву Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон аз сиёсати пешгирифтаи «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад сухан гуфта, зик намуданд, ки амнияту суботи минтақаи мо қабл аз ҳама бо вазъи Афғонистон вобастагӣ дорад ва идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад ҳам барои ин кишвар ва ҳам барои минтақа оқибатҳои манфии дарозмуддат ба бор орад. Авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошад.
Дар охир мавсуф ҳушёриву зиракии сиёсиро аз сокинон, ки дар хатти сарҳад умр ба сар мебаранд, таъкид сохт.