ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Рӯдакӣ” бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз ҳавзаи интихоботии “Ҷайҳун №33” ва Ҳасанзода Тағоймурод раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо интихобкунандагон вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзад доир гардид.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда шуд.
Дар суханронӣ масъулин оид ба ироаи Паём баромад намуда, қайд карданд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст.
Дар идомаи суҳбат Шарофзода Гавҳар бо мардум дар бораи барномааш андешаронӣ карда, ҳар як қисми онро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дод.