БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПЕШРАВИИ ИЛМУ ТЕХНИКА НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар аз ҳавзаи интихоботии “Ҷайҳун №33” ва Ҳасанзода Тағоймурод  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо сокинон суҳбату вохӯрӣ ва шиносоӣ бо номзад доир гардид. 

Дар ҷараёни суҳбату вохӯриҳо оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷониби  вакил ва шахсони масъули ҳизбӣ суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст. Дар идомаи суҳбат номзад Шарофзода Гавҳар бо мардум дар бораи барномааш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳар як қисми онро шарҳу тавзеҳ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg