Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Арабхона»-и ноҳияи Носири Хусрав вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулини Кумитаи иҷроия ба интихобкунандагон шарҳи муҳтаво ва ҳадафҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои онро ба интихобкунандагони участкаи интихоботии № 17 фаҳмонида, гуфтанд, ки
интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушди ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад. ҲХДТ дар доираи қонунҳои амалкунанда ба мақомоти намояндагӣ шахсони арзанда, донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдонро ҳаматарафа санҷида пешбарӣ мекунад. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар интихобот ба тарафдории номзадҳои арзандаи ҳизб аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда то вакилони ҷамоат бо дарки масъулият барои ояндаи дурахшони кишварамон овоз диҳанд.