ХУРОСОН. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Сарбанд”-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъа ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот мавсуф нухуст, бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, Паёми Президенти мамлакат шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки Паёми Пешвои миллат пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мо буда, месазад мо шаҳрвандон дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат талош варзем.