ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳилолӣ”-и ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар назди ҳозирин баромад намуда, нухуст, бандҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои онро шарҳ дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад. Ҳамчунин, нуктаҳои дахлдори Паёми Президенти мамлакатро шарҳ дода, иброз гардид, ки Паёми Президент пеш аз ҳама дастури кории ҳар як мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад, бинобар ин ҳар як шаҳрванд аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалӣ намудани он тамоми талошҳоро амалӣ намояд.