ФАРХОР. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Фархор дар Литсейи касбӣ - техникии ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Зимни суханронӣ мавсуф иброз дошт, ки интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ мебошад, бинобар ин, комиссия пеш аз ҳама, барои он талош менамояд, ки ҳар сокини ноҳия ба умқи маънии интихобот расида тавонад. Яъне, дарк намояд, ки иштирок дар интихобот, интихоби вакилони арзанда саҳми ҳар овоздиҳанда дар давлатдории тоҷикон ва қабули қонунҳо барои зиндагии мардум муҳим мебошад. Аз ин рӯ, шинос намудани раъйдиҳандагон бо қонуни интихобот ва дастурамалу дигар санадҳои меъёрии марбут ба ин маърака хеле зарур аст. Дар ин ҷода аъзои комиссия корҳои назаррасро ба сомон расондаанд. Дар якҷоягӣ бо раисон ва аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия семинар ва суҳбатҳо гузаронида, шиору овезаҳо вобаста ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ насб гардидаанд. Тавассути вохӯриҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати иштироки фаъол ва озодонаи интихобкунандагон, дар бораи мақсад ва моҳияти интихобот маълумоти зарурӣ ба саъми мардум расонда мешаванд, то ин ки ба ҷонибдории шахсони арзанда раъй диҳанд.
Дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ санадҳои зарурӣ ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.