БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФ СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК ДАР ҶОМЕА

 

ТЕМУРМАЛИК. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  пешазинтихоботии ҲХДТ  ва  номзади  он ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ    вохӯрии  навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар ташкилоти ибтидоии “Давад” баргузор  гардид. 

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия оид  ба  бахши  рушди  маориф  ва  илм, ки дар   Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ  қайд гардидааст, суханронӣ  намуда, иброз дошт, ки дар доираи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2015-2020 бошад рушди инфрасохтори илму маориф дар назар гирифта шуда буд, ки тавре тамоми сокинони кишвар огоҳанд, муддати 5 соли охир садҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва томактабӣ, расадхона ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра ба истифода дода шуда, маоши омӯзгорон ба маротиб боло бурда шуд. Махсусан, бо таъсиси Маркази миллии тестӣ ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтани хонандагони болаёқат осон гардида, омилҳои коррупсионӣ дар ин самт бартараф карда шуданд. Ин ва ба ин монанд корҳо дар самти рушди маориф ва илм хеле зиёданд, ки бо мусоидати ҲХДТ ва аъзову фаъолони ҳизб анҷом дода шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg