ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Хоҷагии Панҷ” мулоқот роҳандозӣ гардид. Оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, андешаронӣ гардида, дар ин бобат масъулин муфассал суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, дар давоми баромад вобаста ба татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки вазифаи ҳар як ҳизб бо роҳи тарғиби созанда даъват намудани мардум барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ, бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, андешаҳояшонро пешниҳод намуданд. Зимнан Паёми имсолаи Сарвари давлат Паёми иҷтимоӣ буда, он барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинон нигаронида шудааст. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки нерӯи созандаи худро барои рушди кишвари озоду соҳибистиқлоламон сафарбар созем.