БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚ БАЁНГАРИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА САРЧАШМАИ ЯГОНАИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ МЕБОШАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26.12.2019 бармеояд, дар ташкилот ибтидоии  «Ҳаёти Нав»-и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуда қайд карданд, ки воқеан, он суханоне, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола ироа гардид, тамоми мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт, ки аз ҷониби аҳли толор ҳамчун барномаи мукаммали бунёдӣ ва роҳнамо ниҳоят самимӣ пазируфта шуд.  Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.

Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад.

Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg