НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Лангар-1» оид ба баррасии муҳтавои Паёми навбатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак гузаронида шуд.
Масъулин дар баромади худ иброз доштанд, ки ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯшиш мекунанд. Ҳамзамон оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ байни ҷавонон ва аъзои ташкилоти ибтидоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, ҷавонон барои иштироки фаъолона дар интихобот ва барои пешрафти зиндагии шоистаи халқамон даъват гардиданд.