ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо интихобкунандагони ҷавон дар деҳаи Биноии участкаи интихоботии №16 вохӯрӣ дар мавзӯи “Мо ва интихобот” доир карда шуд.
Дар ҷаласа масъулин доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХТ ва номхадҳои он дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ маълумоти муфассал доданд.
Ҳамчунин дар идомаи суҳбати худ қайд карданд, ки ҳеҷ як кувва ва ё шахс ҳуқуқи дахолат намудан ба раъйи шахси интихобкунандаро надошта, ҳуқуқҳои интихобкунандагон дахлнопазиранд.
Сипас, дар бораи Паёми навбатӣ суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад.
Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуданд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад.