БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ ОЯНДАИ НЕК АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” дар ташкилоти ибтидоии “Дуконӣ-2” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба нуктаҳои асосии Паёми имсола суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб гардидааст. Инчунин, масъулин дар идома қайд намуданд, ки ҲХДТ арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg