БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ДАР ДЕҲАИ НАВОБОД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Навобод”-и  ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ ва  роҳбарияти Кумитаи иҷроия вохӯрӣ  ва шиносоӣ бо номзад доир гардид.

Дар ҷараёни   суҳбат оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои  2020 - 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат  ҳамаи самтҳоро дар бар гирифта, барои пешравии илму техника, маориф, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва дигар самтҳо равона гардидааст. Дар идомаи суҳбат номзад  Лутфия Абдулхолиқзода бо мардум дар бораи барномааш сухан гуфта,  ҳар як қисми  онро шарҳу тавзеҳ дод.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg