БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲЕСТ БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ ДАРПЕШИСТОДА

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи  Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Маликобод”-и ҷамоати деҳоти Лоҳур хониши  сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар суҳбат роҳбарияти  Кумитаи иҷроия иштирок намуда, оид ба таъкид ва вазифагузориҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, пешгирии бемориҳои сироятӣ,  аз қабили ВНМО/БПНМ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву тундгаро, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушиву худсӯзӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ, гирифтани донишҳои пешрафта, татбиқи модели мутахассиси замони нав аз нигоҳи талаботи бозори озоди меҳнат  ибрози андеша намуд.

Сипас,  дар идома дар бораи  маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода бо аҳли ҷамъомад  корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ доир карда шуда, аз ҳар як иштирокчӣ ҷиҳати иштироки фаъолона намудан  дар рӯзи интихобот даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg