БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ОБОДКОРӢ ДАЪВАТ МЕНАМОЯД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Чорбоғи”-и Ҷамоати деӽоти ба номи М. Вайсов, ҷиҳати муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ хониши сиёсӣ доир намуданд.

Масъулин оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки ба дарозо метавон дар бораи ҷанбаҳои сулҳдӯстонаи Паём ҳарф зад. Чанд андешаи маҷмӯи боло гувоҳи онанд, ки Тоҷикистон нахуст сулҳро дар хонаи худ таъмин кардааст ва мехоҳад, ки аз ин неъмат тамоми халқҳои ҷафодидаи олам баҳравар бошанд. Паём даъват ба ободиву бунёдкорӣ ва сулҳу ҳамгироиву ваҳдат натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои мардумони кишварҳои минтақаву сайёра мебошад. Рафоқату ҳамгироӣ наҷоти имрӯзаи сайёра аз хатарҳои зиёд мебошад ва ҳамин аст, ки оҳанги сулҳу ваҳдати аҳли башар дар он тантанаи хос дошт.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg