ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «Мардатсой» ва «Тепалик»-и Ҷамоати шаҳраки Киров суҳбату вохӯрӣ баргузор карда, дар он Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ҳамзамон Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шарҳу тавзеҳ дода, сокинонро барои иштироки фаъолона дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ раҳнамоӣ карданд.