БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ЭЪТИБОРИ ҶИДДӢ МЕДИҲАД

БОХТАР. Дар доираи Солишинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Роҳнамо” вохӯрии ҳизбӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид.

Мақсади асосии суҳбат муаррифии  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он буд. Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ баромад карда,  қайд намуданд, ки дар Барномаи ҲХДТ ба  соҳаи илму  маориф  эътибори  ҷиддӣ  дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳад ва мушкилоти мавҷударо бартараф  месозад. Дар доираи Барномаи ҲХДТ  барои  солҳои 2015-2020 бошад рушди  инфрасохтори илму маориф дар назар гирифта шуда буд, ки тавре тамоми сокинони кишвар огоҳанд, муддати 5 соли охир садҳо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна  ва томактабӣ, расадхона ва дигар  муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва ғайра ба  истифода дода  шуда, маоши  омӯзгорон ба  маротиб боло бурда шуд. Махсусан, бо таъсиси Маркази миллии тестӣ ба таҳсилоти олӣ фаро гирифтани хонандагони болаёқат осон гардида, омилҳои коррупсионӣ дар ин самт бартараф карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg