БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Даво” вохӯрии ҳизбӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардид.
Мақсади асосии суҳбат муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он буд. Ҳангоми баромад қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демокартаии Тоҷикистон ба солимгардонии аҳолӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинони мамлакат диққати махсус дода, пайваста барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” эълон шудааст, бахши тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳими он ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла дар Барномаи мазкур омадааст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои таъмини натиҷаҳо дар рушди низоми тандурустӣ талоши худро бештар мегардонад.