Ҷ.БАЛХӢ. дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҳосилот» -и Ҷамоати деҳоти Фрунзе баргузор гардид.
Сипас, намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.