Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Моҳир”-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир карда шуд.
Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон вобаста ба сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.