БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Масҷид барои наҳзатиҳо ибодатгоҳ набуд

ВОКУНИШ. Аъзои ташкилоти террористии ҲНИТ пайваста дар ҷустуҷӯйи мавзӯъҳое мебошанд, ки тавассути онҳо чанд сияҳномаи дурӯғин нисбат ба миллату давлати тоҷик бофта, дар расонаҳои интернетии ифротӣ паҳн созанд. Яке аз он мавзӯъҳо, бофтаи тахайюл, бепояю бедалели онҳо дар хусуси бастани масҷидҳо мебошад. Бо ин роҳ муаллифони гумноми наҳзатӣ мекӯшанд, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон симои масҷидзудо тарошанд ва нокомиҳои ҳизби террористиашонро ба гардани давлат бор намоянд. Ба ин хотир, музахрафоти зиёдеро чун далел рӯйи саҳифаҳои расона барчида, аз давлат интиқом ситониданӣ мешаванд. Барои рӯшанӣ андохтан ба масъала таъкиди чанд нуктаро ҷоиз медонем:

1. ТЭТ ҲНИТ аз рӯзи таъсис­ёбӣ ҳеҷ гоҳ дар фик­ри тафоҳуми мардумӣ ва миллӣ аз тариқи мазҳаб набуд ва нест. Танҳо барои гӯл задани мардум, ҷомеаи мусулмони тоҷик ва миёни табақоти иҷтимоӣ ҷойгоҳ пайдо кардан аз василаҳои дастраси сиёсӣ ва маданӣ истифода намуда, фаъолияти худро ҳадафмандона ба тамошо гузошт. Агар ба таърих ва сарнавишти ТЭТ ҲНИТ аз назари илмӣ ва асоснок мутаваҷҷеҳ шавед, хоҳед донист, ки он манфиатҳои кадом табақаро ҳимоят мекард ва мекунад. Ин табақаи маълум – рӯҳонияти муҳофизакор ва фурсатталаб буданду ва ҳастанд. Кадом табақаеро ба ҷуз рӯҳониёни риёкори ифротӣ медонед, ки аз ТЭТ ҲНИТ манфиат дида бошанд. Албатта, иддае аз манфиатҷӯён ва гумроҳон ба хотири чизаке (ва баъзан аз ноогоҳӣ) ба ин гурӯҳ таваҷҷуҳ ва барои худ дар минбари таблиғоти хурофоти наҳзатӣ ҷойгоҳ дуруст намуданд.

2. Масҷиди беназорат ягона макон ва минбари ТЭТ ҲНИТ тайи таърихи мавҷудияташ буду ҳаст. Бинобар ин, аз ин абзори сиёсӣ ва мафкуравӣ ҳамеша суиистифода мекард ва онро метавон ба унвони фронти идеологии наҳзатӣ муаррифӣ намуд. Таблиғоти густурдаи хурофоту таассуби динӣ ва мазҳабӣ маҳз аз тариқи масҷидҳои ғайрирасмию беназорат сурат мегирифт ва ТЭТ ҲНИТ ба воситаи амри маъруфҳои вопасгароёна ҳаводорони зиёдеро дар охири солҳои ҳаштодуму ибтидои солҳои навадуми асри бист пайдо намуд. Давлат ва Ҳукумат дар замони соҳибистиқлолӣ имкони масҷидсозиро фароҳам овард. ТЭТ ҲНИТ ва мухлисонаш аз ин шароит суйиистифода карданд. Дар натиҷа, ҷаҳолат ва таассуби динӣ ҷомеаро сироят намуд ва хурофоти мазҳабӣ афзоиш ёфт. Магар дар Афғонистон, Сурия, Ироқ масҷид набуд? Оқибат чӣ шуд? Агар бовар надоред, матбуоти даврӣ ва расонаҳои хабарии он замонро варақ занед ва худ қазоват намоед, ки чӣ сон хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ фазо ва муҳити иҷтимоӣ — фарҳангии моро мағшуш сохта, ба баданаҳои иҷтимоӣ рахна ворид карда буд. Саҳифаҳои аввали матбуоти даврии он вақт бо чеҳранамоии роҳбарони наҳзатӣ оро меёфтанд ва мақолаҳои хурофотӣ дили ҷомеаи фарҳангиро аз кор бозмонда буд.

3. Ҷониби Давлат ва Ҳукумат бо фароҳам овардани имконоти бунёди масҷидҳо ва ибодатгоҳҳо демократияро дар муносибат бо динҳову мазҳабҳо риоя кард. Вале бо истифода аз фурсати муносиб исломи сиёсӣ дар симои ТЭТ ҲНИТ дар ҷомеаи тоҷикӣ «фаъол» шуд ва ҷиҳати ҷалби ҷомеа ва махсусан, насли ҷавон ба сафҳои ҳизб иқдомоти тозаро рӯйи даст гирифт. Бар иваз, ТЭТ ҲНИТ Ҳукуматро ҳамеша бо туҳмат ба масҷидбандӣ муттаҳам мекунад, ҳол он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони масҷид­ҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро мегирад. Дигар ин ки масҷид ҷойи ибодат аст, на ҷойи сиёсат. Ин нуктаро ТЭТ ҲНИТ ва роҳбарияти феълии он мудом сарфи назар карда, дар ин макони мукаддаси динӣ тарғиботи сиёсии тахрибкорона мебурданд ба истилоҳ, сари мардум ва насли ҷавонро, ки бисёр ҳассос аст, гаранг мекарданд. Ин буд, ки давлат тасмими ба танзим даровардани ибодатгоҳҳоро гирифт ва дар ин самт дуруст фаъолият мекунад. Агар наҳзатиён ин корро, ки самти фаъолияти мақомоти дахлдори давлатист, ба унвони масҷидбандӣ муаррифӣ кунанд, ғайри мантиқист ва ҷуз рашки сиёсии наҳзатӣ чизи дигаре буда наметавонад.

4. Роҳбарони ҷинояткор ва гурезаи наҳзатӣ дар хориҷа барои худ мавзӯи баҳс кофта, бо роҳи иғвою дурӯғ мехоҳанд Ҳукумати Тоҷикистонро дар Аврупо ситамгару золим нишон бидиҳанд. Таваҷҷуҳ кунед, дар Аврупое, ки низоми демократию мардумсолорӣ вуҷуд дорад, наҳзатиёни вопасгаро ва куҳнапарасти ифротӣ гулӯ дарронда, ба ҳама фаҳмонданӣ мешаванд, ки дар Тоҷикистон масҷидҳоро мебанданд. Аҷабо, Аврупое, ки бо дунёмадорӣ (на динсолорӣ) маъруф аст, оё овози наҳзатиёнро мешунида бошад?

Агар дар Тоҷикистон масҷид­ҳоро мебастанд ва фаъолияти ибодатгоҳҳои исломиро манъ мекарданд, мардум худ садо баланд менамуд ва мунтазири навҳаи шумо – наҳзатиёни иғвогар намеистод. Ин шумоед, ки аз зеринохун чирк мекобед ва ҳар чиро баҳона карда, сӯйи Ҳукумат метозед. Аммо барои ҷомеаи аврупоӣ шумо як мушт хурофотие беш нестед ва садоятонро баъзе доираҳои манфиатдор танҳо ба хотири манофеи сиёсӣ ва фишорҳои иқтисодӣ мешунаванду халос. Боқӣ барои Аврупо ва элитаи сиёсии он кишварҳо вуҷуду ҳузури ТЭТ ҲНИТ ҳеҷ аҳамият надорад.

Фаридун Ориёӣ, узви ҲХДТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg