ПАНҶ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати баррасӣ намудани самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва фаҳмонда додани эълон шудани соли 2020 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Чорсу» хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Вохӯрӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ бо тариқи суҳбат сурат гирифта, дар он масъалаҳои мумбрами рӯз сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.