ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Сафедорон ” мулоқот баргузор гардид.
Зимни суханронӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва маъракаи муҳими дарпешистодаи интихоботи парлумонӣ ибрози андеша намуданд. Хотиррасон шуд, ки интихоботи вакилон маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштирок дар он ба ҳаёти сиёсии кишвар бетараф набуданро нишон медиҳад. Зимнан, қайд шуд, ки Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ шуда, ба ҳадафҳои олии ҳизб созгор мебошад ва барои беҳтар гардидани шароити зиндагонии сокинони деҳот равона шудааст.