БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲИЗБ - БАРНОМАИ МУККАМАЛ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁН МЕБОШАД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар  ташкилоти ибтидоии «Наврӯз»  вохӯрии судманд роҳандозӣ намуданд. Масъалаҳое, ки дар меҳвари вохӯрӣ қарор  дода шуда буд, интихоботи вакилони мардумӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ буда, оид ба ин масъалаҳо  ба иштирокдорон аъзои ташкилоти ибтидоӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Иброз шуд, ки вазифаи ҲХДТ  вобаста ба фазои басо мураккаб  ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва минтақа, хатарҳои терроризму экстремизм аз он иборат аст, ки  баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, суботу амният ва ягонагии халқи Тоҷикистон ҳамеша талош намояд. Дар баробари ин вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб ҳифзи давлату давлатдорӣ ва нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар кишвар мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg