БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ МУТАШАККИЛОНА ҶАРАЁН ДОРАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №7» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имкон пайдо намуд, ки зимоми давлату давлатдориро ба даст гирифта, бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ, таърихию қадимаи мардуми сарбаланди худ, фаъолиятро баҳри обод гардондани ин сарзамин ва зиндагии орому осудаи мардум ба роҳ монад.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ба гузаштаи пурифтихори худ арҷ мегузорад. Расму оин ва анъанаҳои неки гузаштагонашро эҳтиром, ҳифзу гиромӣ дошта, мекӯшад то онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад. Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» барои шаҳрвандон замонат додааст, ки дар рушди ҷомеа фаъол бошанд ва аз озодиҳои хеш истифода баранд.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи худ шакли демократии давлатсозиро пеша намудааст. Дар ҷамъияти мардумсолорӣ озодии инсон дар мадди аввал меистад ва интихобот дар зинаҳои гуногуни ҳокимият ягона воситаест, ки одамон бо интихоби вакилон иродаи хешро ифода менамоянд.

Имрӯзҳо пешорӯи мардуми кишварамон боз як маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилони парлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки барои шаффофу озодона баргузор намудани интихобот ҳамаи ниҳодҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ худро масъул шуморанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg