БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ПАЁМ - РОҲАНДОЗИИ КОРҲОИ БУНЁДКОРӢ ВА СОЗАНДАГӢ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ғайрат” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони маҳалла мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дода шуд. Пешвои миллат таъкид  намуданд, ки: Мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем. Дар ҷараёни суханронӣ иштирокчиён барои  сари вақт амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат барои амалӣ намудани корҳои ободониву созандагӣ ва беҳтар намудани шароити арзанда барои зиндагии шоиста, ки аз Паём бармеоянд,  даъват шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg