БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТ ҲАДАФИ МОСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дуконӣ-1” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ вохӯрӣ  доир гардид.

Масъулин дар баромади худ  оид ба  Паёми Пешвои миллат ва инчунин,  оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад намуда, қайд карданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ яке аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро муайян месозад. Инчунин,  қайд гардид, ки ҲХДТ арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф намуда, дар такмили низоми қонунгузории миллӣ бо назардошти манфиати ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош хоҳад варзид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg