БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАРБИЯИ ИРОДА ВА ВАТАНДОРИСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Литсейи касбӣ саноатӣ кимиёии шаҳри Левакант  вохӯрӣ доир гардид, ки ба 27-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Дар суҳбат аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ қайд гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин вазифа нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад. Зимни суҳбат касбомӯзони Литсей вобаста мавзӯи матраҳгардида пораҳои назмию насрӣ қироат намуда, эҳсосоти худро ҳамчун ҷавонони ватандору ватандӯст изҳор доштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg