КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва расонидани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ бо иштироки Ҳабибзода Зоир мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва кори махсуси дастгоҳи КИМ ҲХДТ ба Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, ба масъулин барои дар сатҳи баланди шаффофу демократӣ баргузор гардидани интихобот як қаторҳои тавсияҳои судманд дода шуд.