БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият ифтихор аз давлатдорист!

АНДЕША. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин неъмати бебаҳо ва азизу муқаддас шаҳрвандони кишвар дар баробари соҳибихтиёрӣ имконият пайдо намуданд, ки аз тамоми ҳуқуқҳои башарӣ бархурдор бошанд, истеъдоду маҳорати худро ба нафъи ҷамъият ва ободонии Ватан ба кор баранд ва дар ташкилоту ҳизбу ҳаракатҳо муттаҳид шуда, назару ақоиди хешро озодона баён доранд.

Истиқлолият барои мардуми мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Истиқлолият яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Гузаштаҳои мо давлати мустаҳкаму пуриқтидоре сохта буданд, ки қаламрави бузургеро фаро мегирифт. Махсусан дар салтанати Сомониён фарҳанги давлатдории мо хеле буруз карда буд. Аммо баъд бо сабаби низоъҳои дохилӣ ин давлат парешону пароканда шуд.

Дар даврони Шўравӣ ба мо боз муяссар гардид, ки ҷумҳурӣ барпо намоем. Аммо он чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ дар ҳайати ин Иттиҳоди бузург истиқлоли комил надошт. Тоҷикистон баъзе салоҳиятҳои худро бар дўши Иттиҳоди шўравӣ вогузор мекард. Ва ниҳоят ба таърихи 9-сентябри соли 1991 дар иҷлосияи ѓайринавбатии Шўрои Олии ҷумҳурӣ Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Акнун ин санад ба таври комил Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таъмин мекард. Вале мутаассифона, баъдан вазъи иҷтимоию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ муташанниҷ гашта, мардумро оқибат ба ҷанги ҳамватанӣ кашонд, ки дар ин маврид Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар маъракаи пурҷалоли ҷашни Истиқлол, ки дар Кохи зебои Борбад доир гардид, назари худро муфассал баён дошт.

Бар асари ҷанги таҳмилӣ, ки бори дигар ин маънӣ аз забони Роҳбари давлатсози кишвар садо дод, беш аз сад ҳазор одамон талаф ёфта, миллион нафар сокинони мамлакат фирорӣ шуданд, даҳҳо ҳазор хонаҳо харобу валангор ва ба иқтисоди ҷумҳурӣ аз 8 то 10 миллиард доллар зиён расонда шуд. Ба таъкиди Сарвари давлат мо тамоми корҳоямонро аз сифр оғоз намудем. Агар пеши роҳи чунин раванди  ҳалокатбору харобкорона гирифта намешуд, мо давлатамонро пурра аз даст медодем.

Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ҳукумати конститутсиониро барқарор намуда, ҳайати нави ҳукуматро интихоб кард. Барои роҳбарияти нави ҷумҳурӣ ба сулҳу мувофиқа овардани ҷонибҳои даргир, баргардондани гурезаҳо, бо озуқа таъмин кардани мардуми кишвар ва барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ кори осон набуд. Аммо Роҳбари ҷавону дурандеши миллати тоҷик мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба мардуми ташнаи сулҳу ваҳдат ҷонибҳоро сари мизи гуфтушунид даъват кард.

Ба таърихи 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, аз ҳамин давра корҳои ободониву созандагӣ ба таври фарогир оѓоз ёфт. Дар ҳамин марҳилаи тақдирсоз бо пешниҳоди Роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкилоти ҷамъиятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки мақсади он махсусан таблиғу ташвиқи ғояҳои сулҳу оромӣ ва иттиҳоди миллати тоҷик буд.

Бо талошҳо ва ташаббусҳои зиёди Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Ҷумҳурии мо узви комилҳуқуқи даҳҳо созмонҳои байналхалқӣ гардид. Ҳоло Тоҷикистони азизи моро беш аз 150 кишвари олам ба расмият мешиносад. Дар даҳҳо мамлакати хориҷӣ сафоратҳо кушодаем. Аз минбари баланди Созмони милали муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ баромад кардани Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон низ шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз овози хоса ва мақому манзалати худро дорад.

Имрўзҳо тамоми мардуми ҷумҳурӣ қотеона аз сулҳу амонӣ дифоъ мекунанд ва бар он талош меварзанд, ки бо меҳнати пурмаҳсулу созанда Тоҷикистони азизро ободу зебо гардонанд, арзишҳои миллиамонро боз ҳам ғанӣ намоянд ва тамаддуни баланди миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд. Чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ баргузор намудан, иттиҳоду якпорчагии халқу кишварро боз ҳам таҳким бахшанд.

Соҳиби давлати мустақил шудан ва ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифтан барои тоҷикон рӯйдоди  сарнавиштсоз мебошад. Зеро миллате, ки тақдири имрӯзу фардои давлат ва сарзамини худро дар ихтиёр дорад, аз саодати бузурге бархурдор аст. Ба таъкиди Сарвари давлатамон “ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо будааст.

Чунонки аз сарнавишти бисёр қавму миллатҳои сайёра бармеояд, соҳибистиқлолӣ насиби ҳар халқ намегардад. Зеро ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва барпо намудани давлати соҳибихтиёр ғайр аз ин, ки бо имконияти таърихии ҳар халқу миллат иртибот дорад, инчунин аз ҳар фарди миллат бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимиро талаб мекунад”. Дар баробари ин пешвои миллатамон тазаккур дод, ки имрӯз марҳилае фаро омадааст, ки бояд тамоми кӯшишу талошҳоямонро ба он сафарбар намоем,то  ки истиқлолият дар радифи “миллат”, “ватан” ва “ваҳдат” ба мафҳуми ҷудонашавандаи ҳастиву шуур, ҷаҳонбинӣ ва арзиши бунёдии зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар мубаддал гардад.

Мо ҳамаи аркони давлатдориамонро барқарор намудем. Фаъолияти сохторҳои идориро аз нав роҳандозӣ намудем, Артиши миллӣ ташкил карда, Конститутсияамонро мутобиқи талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ ва ба роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул кардем. Барои ҳама шароити баробар фароҳам оварда шуд, ки аз неъматҳо, сарватҳо ва захираҳои моддии мамлакат истифода баранд. Шароите ба миён оварда шуд, ки одамон аз чунин давлату давлатдорӣ ифтихор дошта бошанд.

Баъдтар барои ноил шудан ба сулҳи комил бо пешниҳоди иттиҳоди мухолифин тибқи талаботи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Қонуни асосӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, имконият фароҳам овард, ки дар кишвар парламенти касбии дупалатагӣ таъсис дода шавад. Инчунин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун шакли олии ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф гардид.

Шароитеро муҳайё созем, ки мардум ба куллӣ эҳсос намояд, ки давлати мустақил дорад ва он манфиатҳояшро дар дохилу хориҷи кишвар ҳимоя мекунад. Аз арзишҳои умумибашарӣ бархурдор шавад ва онҳоро бо иқдомҳои қотеъ ва тамаддуни баланди миллии худ бою ғанӣ гардонад. Бо ибтикори Сарвари давлати мо дар мавриди истифодаи оқилонаи захираҳои об як силсила ташаббусҳо дар миён гузошта шуд. Ҷашни Наврӯзи аҷами мо ҷаҳонӣ гардид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам арзишҳои миллии моро эътироф намуд. Чанде аз ёдгориҳои таърихии мо ба мероси таърихию фарҳангии ҷаҳонӣ шомил гардид. Баъди ноил гаштан ба сулҳу субот имкониятҳои хубе фароҳам омад, ки корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшем. Ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва суръат гирифтани ислоҳоти иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ шароити мусоидеро ба вуқуд овард, ки коҳишёбии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нигоҳ дошта шавад ва соли 1997 аввалин маротиба аз оғози истиқлолият болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1996 ба андозаи 1,7 фоиз мушоҳида гардид. Дар давоми 13 соли охир суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7-8 фоизро ташкил дод ва дар соли 2013 ҳаҷми он ба 42,1 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 5263 сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2000-ум 19 баробар зиёд мебошад.

Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ назаррас мебошанд ва тайи солҳои охир беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро сокинони мамлакат хуб эҳсос мекунанд.

Роҳбари давлатамон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки “барқарорсозӣ ва ташкили заминаҳои бунёдии соҳаи илму маориф, аз ҷумла азнавсозии инфрасохтори соҳа, ба раванди таълиму тарбия ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷорӣ кардани шаклу усулҳои замонавӣ, инчунин омодасозии кадрҳо буд, ки мо ин тадбирҳоро ба хотири заминагузорӣ ба таъмини ояндаи неки давлатдории миллӣ ва наслҳои нави халқамон амалӣ карда истодаем”.

Даҳҳо километр роҳҳо ва нақбу пулҳо сохта ва ё нав карда шуданд. Бо ин васила мо аз бунбасти дохилии коммуникатсионӣ баромадем. Дар Тоҷикистони азизи мо садҳо мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, муассисаҳои тандурустӣ, иншооти истеҳсолию фарҳангӣ, варзишӣ ва манзилӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар соҳаи кишоварзӣ таҷрибаи аз як замин гирифтани ду- се ҳосил, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ривоҷ пайдо кардааст. Истеҳсоли меваю картошка, гӯшту ширу тухм ба маротиб афзоиш ёфта, ба меъёри сабади истеъмолӣ наздик шуда истодааст.

Вазъи сиёсию иҷтимоии ҷаҳон ва минтақа, бахусус кишварҳои арабӣ ноором ва пурмоҷаро гаштааст. Аслан омилҳои чунин ташаннуҷро дар манфиатхоҳии иддае аз кишварҳои абарқудрат арзёбӣ мекунанд. Бархе аз кишварҳо барои ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва  нуфузашон аз зӯр истифода мебаранд ва ҳатто тобеини як мамлакатро ба ҷабҳаҳо тақсим мекунанд, ки  минбаъд онҳо байни худ ҷангу ҷидол менамоянд. Ҳамин тариқ инқилобҳои рангаро роҳандозӣ менамоянд. Барои мисол, кишварҳои арабии Либия, Миср, Яман, Судон, Сурия ва ғайраро ном бурдан имкон дорад, ки ба чунин ҳолат гирифтор шудаанд. Аз ҷумла воқеаҳои Сурия аз он далолат мекунанд, ки дар сурати дахолати низомии Амрико ва НАТО ба корҳои дохилии ин кишвар имкон дорад, ки ин ҷанг авзои минтақаро боз ҳам печидатар гардонад ва кишварҳои ҳамсояро ба ҷанги таҳмилӣ кашад.

Мавзўи дигар ин аст, ки дар нобасомониҳои сиёсӣ неруҳои исломӣ мехоҳанд, ба сари қудрат биёянд. Аммо мо дар мисоли Миср дидем, ки исломиҳо давлати тайи солҳо ба таври дунявӣ фаъолиятдоштаро ба шакли дигар идора карда наметавонанд ва ин мамлакат дубора ба нобасомониҳо кашида шуд. Дар ниҳоят низомиён салоҳияти идораи давлатро ба зиммаи худ гирифтанд. Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад, ки дар он раванду тамоюлҳои гуногуни манфӣ низ ҳастанд ва метавонанд ба истиқлолият, пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва гузашта аз ин, ба ҳастии миллат хатар эҷод намоянд.

Бо густариши ин раванду тамоюлҳо, ки тибқи таҳлилу пешгӯиҳо дарозмуддат хоҳанд буд, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонанд. Сарвари давлатамон зимни суханронӣ зикр намуданд, ки “ҳатто имрӯз бо истифода аз нерӯ ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути аъмоли террористиву ифротгароӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба умури дохилии давлатҳои мустақил густариш пайдо кардааст”.

Баъзе доираҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд Тоҷикистони моро ба чунин носозгориҳо мувоҷеҳ гардонад. Онҳо аз ҳар роҳу васила истифода намуда, ҷавононро гумроҳ мекунанд ва ба ҳар хел ҷараёну равияҳо ҷалб менамоянд. Барои ҳамин ҳам Роҳбари давлат аз ҷавонони дар хориҷи кишвар бахусус дар мамолики арабӣ бидуни иҷозати расмӣ таҳсилкарда даъват ба амал овард, ки ба Ватан баргашта тибқи ихтисосашон дар макотиби олии худи ҷумҳурӣ таҳсилашонро идома бидиҳанд. Зеро ки дар он кишварҳо зери таъсири номатлуби ифротгароӣ мемонанд. Ё ки ҳоло ҳам ҷавононе ҳастанд, ки бар ивази маблағе барои “ҷиҳод” ба минтақаҳои гуногуни Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳои арабӣ мераванд. Ба назди падару модарон баргардондани онҳо ба масъалаи доғ табдил ёфтааст, таъкид намуд Ҷаноби Олӣ. Ҷавонон ояндасози Ватану миллатанд. Онҳоро бояд волидон, мактабу маориф ва ташкилотҳои марбута чун Кумитаи оид ба корҳои ҷавонон, туризм, саёҳӣ ва Иттифрқи ҷавонон раҳбариву раҳнамоӣ кунанд.

Зимнан, таъкид намудан ҷоиз аст, ки яке аз роҳҳои мусоидат ба таҳкими давлату давлатдории миллӣ дар зеҳну шуури мардум ташаккул додани тафаккури давлатӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва мусоидат ба рушди илму маориф дар кишвар мебошад, ки бояд дар қалби ҳар як фард, сарфи назар аз миллат, дину маҳзаб ва мавқеи сиёсиву иҷтимоии ӯ ҷой гирифта бошад. Бинобар ин дар сатҳи давлатӣ маърифати сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳушёрии сиёсии мардумро ба дараҷаи зарурӣ баланд бардоштан зарур мебошад.

Воқеан ҳам, ба ибораи Ҷаноби Олӣ “сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ барои мо имконият фароҳам овард, ки татбиқи даҳҳо барномаву нақшаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари озоди худро ба роҳ монда, обрӯву эътибор ва мақому ҷойгоҳи сазовори байналмилалии Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон таъмин намоем”. Бо шарофати оромӣ ва тинҷию осоиштагӣ Сарвари давлати мо бо ибтикори наҷиб баромад мекунад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб месозад. Ҳамин аст, ки давлати мо ар арсаи олам ба таври шоиста муаррифӣ шудааст ва пешниҳоду таелифҳои он вазни хоса дорад.

Тоҷикистони азизи мо назар ба Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шуд. Яъне, мо тавонистем, ки санадҳои қонунгузориҳоямонро ба муқаррароту талаботи санадҳои меъёрии байналмиалӣ мутобиқ гардонем. Мо омодагии худро барои мурооти меъёрҳои демократии амсоли Ғарб изҳор доштем. Ҳамин аст, ки ин сохтори молиявию тиҷоратии ҷаҳонӣ ба истиқболи мо гом бардошт. Акнун мо шароит дорем, ки барои сокинони мамлакат анвои маҳсулоти босифатро ворид намоем ва дар дохили ҷумҳуриамон истеҳсоли молҳои хубро роҳандозӣ намоем.

Парвона САФАРОВА, муовини мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Бознашр аз китоби "Ҷавонон-пайрави Эмомалӣ Раҳмон!"

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg