БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЯНДАИ КИШВАР АЗ ИНТИХОБИ ДУРУСТИ ҲАР ЯКИ МО ВОБАСТА АСТ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кӯшониён оид ба шаҳру тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён  бо сокинони деҳаи Виён вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулини дар баромади худ қайд намуданд, ки ҲХДТ имрӯз ба як ниҳоди пурқуввати зеҳнӣ табдил ёфта, дар ҷомеа мавқеи устувори худро дорост. Мо ҳизбиён тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона карда истодаем,  ки принсипи бо халқ буданро асоси фаъолияти худ қарор дода, кӯшишу фаъолияти худро ба он равона месозем ва дар чорабинии сиёсии интихобот пирӯзиро ба даст меорем.

Инчунин, дар идомаи суҳбат дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар мегирад, андешаронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg