
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи интихобкунадагон дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.
Шахсони боэтимоди номзадҳо ҳолнома ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадро, ки аз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 сарчашма мегирад, ба интихобкунандагон расониданд.
Дар охир суҳбати номзад бо интихобкунандгон сурат гирифта, интихобкунандагон пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.