КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ронанда» бо иштироки намояндагони Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар кори маҷлис масъулин дар бораи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ, дар бораи маъракаи муҳимми сиёсии дарпешистода, яъне интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ибрози андеша карданд. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада иброз намуд, ки моро зарур аст, дар рӯзи интихобот маданияти баланди шаҳрвандиро риоя карда, ҷиҳати истифодаи самараноки шароитҳои мавҷуда, иродаи худро баён намоем.