БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ-ПАДИДАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи парлумонӣ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" мулоқот дар ташкилоти ибтидоии "Манзил" баргузор гардид.

Зимнан намояндагони ҳизби шаҳри Кӯлоб дар рафти суханронӣ иброз доштанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихоботро, қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайра ташкил медиҳанд. Интихобот ҳамчун падидаи муҳими сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор вазифаҳоро иҷро менамоянд, ки нақш ва аҳамияти он барои рушди давлати миллӣ ҳарчи бештар меафзояд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар ин маъраки муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоботи вакилон муайян созанд.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg