БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ БЕТАРАФ НАБОШЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Ганҷи дониш" вобаста ба самтҳои Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, эълон гардидан соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон "Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ" бо интихобкунандагон хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни мулоқот намояндагони ҳизби шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, иброз намуданд, ки соли 2020 барои мардуми кишварамон чандин маъракаҳои сиёсии муҳим дар пеш истодааст, ки яке аз онҳо баргузории интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба шумор меравад. Муҳимияти ин масъала дар Паёми Роҳбари давлатамон баён гардида, аҳамияту арзиши он аз чандин дидгоҳ баррасӣ гардид. Дар Паёми имсолаи худ Президенти кишварамон оид ба баргузории интихоботи дарпешистода изҳор доштанд, ки "Ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад".

Дар охир аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки дар интихоботи дарпешистода иштироки фаъолона намуда, раъйи худро ба номзадҳои арзанда диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg