БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ МОРО БА МАРҲИЛАИ НАВИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА РАҲНАМОӢ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба раванди гузариши маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи парлумонӣ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи кӯдаконаи вилоятӣ" мулоқот бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Зимни мулоқот намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафи мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш ба сӯи қуллаҳои мурод муваффақона роҳнамоӣ кунад. Дар охир вобаста ба раванди гузариши интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо суханрониӣ намуда, иштирокдорон ваъда доданд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи дарпешистода иштироки фаъолона намуда, раъйи худро ба номзадҳои арзанда медиҳанд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg