БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ҚУВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА МЕБОШАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб даври омӯзишии "Аз модар то Роҳбар" бо иштироки ҷавондухтарони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Нахуст, намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи "Иқдомҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа" ба сухан баромада, зикр намуданд, ки дар васфу ситоиши зан-модар, бону ва чароғи хонадон, ходими давлатию ҷамъиятӣ, тарбиятгари фарзанд ва насли ҷавон то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат ва самимӣ эҷод гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии кишвар бо назардошти мақому мартабаи шоистаи бонувон вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии занон аз оғози даврони Истиқлолият то имрӯз санадҳои дардхӯреро қабул ва татбиқ карда истодаанд.

Дар идомаи суҳбат таъкид карда шуд, ки ҷавондухтарони фаъол захираи кадрии ҳизб ба шумор рафта, минбаъд дар куҷое, ки зиндагӣ мекунед сазовори бовариҳое, ки имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо занон равона кардааст, гардед. Дар охир иштирокчиён ба сухан баромада, саволҳои худро ба масъулин пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg