БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби сиёсати ҳамаҷонибаи ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар дар ташкилоти ибтидоии “Оби Нуқра”-и  Ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки васеи аҳолӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, эълон гардидани соли 2020 барои сохторҳои ҳизбии  вилояти Хатлон “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ” интихоби дурусти номзади арзанда дар раванди маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, мардуми маҳалро барои интихоби ояндаи дурахшони кишвар, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg