БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим – ояндаи дурахшони Ватан

АНДЕША. Саломатии инсон пеш аз ҳама аз ҷараёни ғизогирии он вобастагӣ дорад. Агар миқдори зарурии ғизо дар вақти муайян ба организми инсон нарасад, дигар шудани бофтаҳо ба амал меояд.

Аҳамияти ғизо дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ ҳамчун омили асосӣ, фарқияти организми болиғро аз организми кӯдак муайян мекунад ва боиси афзоиш ва инкишофи ӯ мегардад.

Бо назардошти муҳимияти масъала соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йодноккунии намак» ва соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» қабул гардид. Дар натиҷаи амалисозии ин қонунҳо тайи 8 соли охир нишондиҳандаҳои қадпастӣ, камвазнӣ нисбат ба синну сол ва камхунӣ дар байни кӯдакон ва занони синну соли қобили таваллуд кам гардид, ки ин натиҷаи мусбати татбиқи самараноки сиёсати давлат дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Ғизогирии хуб асоси саломатӣ мебошад. Хӯроке, ки мо истеъмол мекунем, организмро бо маводи ғизоии барои фаъолияти дуруст ва зарурӣ таъмин менамояд. Истеъмоли ғизои солим ва гуногун на ҳамеша имконпазир аст. Ғизои нокифоя метавонад саломатиро заиф гардонад, хавфи сироятро зиёд кунад, боиси қадпастӣ, таъхири балоғатрасӣ, норасоии микроэлементҳо, заифии устухонҳо ва хониши суст гардад. Истеъмоли хӯроки серғизо дар инкишофи ҷисмонию зеҳнии хубтари наврасон мусоидат мекунад.

Норасоии микроэлементҳо, ба монанди оҳан, йод, витамини А, кислотаи фолиевӣ ва синк метавонад оқибатҳои харобиовар дошта бошад. Махсусан занҳои ҷавон ва кӯдакони хурдсол ба норасоии микроэлементҳо ҳассос ва осебпазир мебошанд. Масалан, норасоии оҳан дар хурдсолӣ дар оянда ҷуброн намегардад. Дар натиҷа ҳатто 10 сол пас аз ба эътидол омадани захираҳои оҳан дар организм он метавонад ба кори зеҳнӣ зарар расонад. Бо мақсади коҳиш додани ҳодисаҳои нуқси найчаи асаб (NTD), ки боиси беморӣ, ба монанди Spina Bifida мегардад, кислотаи фолиевӣ ба орди гандумӣ илова карда мешавад.

Ғанигардонии маводи ғизоӣ ба илова намудани миқдори хурди микроэлементҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокӣ ё хӯришҳо алоқаманд аст, ки худ бо мақсади беҳтар намудани истифодаи микроэлементҳо аз ҷониби одамон мунтазам истеъмол мегардад.

Ғанигардонии маводи ғизоӣ, илова намудани витамину минералҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокӣ воситаи бехатар ва самараноки беҳтар намудани ҳолати ғизогирӣ, саломатӣ ва пешгирӣ намудани гуруснагии ниҳонӣ бе тағйирдиҳии одатҳои ғизохӯрии инсон ба ҳисоб меравад. Ғанигардонии маводи ғизоӣ, эҳтимолан аз лиҳози иқтисодӣ воситаи аз ҳама самарабахши бартараф намудани норасоии микроэлементҳо ва коҳишдиҳии сарбории алоқаманд ба низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ маҳсуб мешавад. Махсусан он метавонад рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии муносиби кӯдаконро, ки дар оянда барои аъзои пурмаҳсули ҷамъият шудан ба воя мерасанд, таъмин намояд.

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон мебошад. 24%-и занони синни репродуктивӣ ва 29%-и кӯдакони то панҷсола аз камхунӣ азият мекашанд. Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир буда, бо сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, наметавонанд аз тамоми имконияту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, волидайн, коргар ва шаҳрванд ба пуррагӣ бархӯрдор шаванд.

Дар таҳияи мутахассиси шӯъбаи иттилоот таблиғот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Гавҳарбӣ Валиева

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg