БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕ ТАРАФ НАБОШ, ОВОЗ БИДЕҲ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри  солимгардонии ҷомеаи имрӯза, ки ояндаи давлату миллат аз ҷомеаи солим вобастагӣ дорад, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ   бо кормандони соҳаи тиб  дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №1»-и ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ  суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, солимгардонии мардум, инчунин масъалаи муҳими сиёсӣ -маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда шуда,  қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишварро зарур меояд, баҳри ояндаи босуботи худ ва фарзандон бетараф набошанд,  дар интихоботи  дарпешистода фаъолона иштирок намоянд. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  масъулин бо Барномаи пешазинтихоботӣ   иштирокдоронро  шинос карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg