БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ЯК ОВОЗ ДАР ИНТИХОБОТ НАҚШИ ҲАЛКУНАНДАРО МЕБОЗАД

ДАНҒАРА.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паём ва Барномаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Гулистон”-и ноҳияи Данғара бо иштироки номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ аз ҳавзаи интихоботии “Данғара №36”,  роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  ва  аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинон вохӯрӣ  бо номзад доир гардид.

Дар ҷараёни   суҳбат  масъулин оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои  2020 – 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар идома  номзади пешбаришуда  Лутфия Абдулхолиқзода бо мардум дар бораи барномааш  андешаронӣ  карда,  ҳар як самти дар барнома тарҳрезишударо ба иштирокдорон  шарҳу тавзеҳ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg