БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ба хотири муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он вохӯрии ҳизбӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии “Давлати поянда” баргузор гардид.
Барномаи солҳои 2015-2020 масъалаҳои нигоҳдорӣ ва устувории сиёсӣ дар мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил ва терроризму экстремизм, пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддиву маънавии ҷамъият, ислоҳоти мунтазами низоми ҳокимияти давлатӣ ва ғайра буданд, ки ҲХДТ дар фосилаи 5 соли охир ба ҳалли муваффақи онҳо вобаста ба рушду инкишофи ҷомеа даст ёфт, қайд гардид дар баромад дар вохӯрии ҳизбӣ.